Дастури раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода оид ба таъсиси гурӯҳҳои махсус барои омӯзиши минтақаҳои хавфнок

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар семоҳаи аввали соли 2017 оид ба камбудиҳои ҷиддӣ дар ташкили санҷишҳои назоратӣ ва баргузории чорабиниҳои мудофиаи шаҳрвандӣ дар қисмҳои ҳарбии Кумита сухан гуфт. Рустам Назарзода диққати роҳбарони воҳидҳои кумитаро ба омодагии саривақтӣ ва касбӣ баҳри пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиӣ, ба монанди фаромадани тарма, ярч, сел, резиши санг, баланд шудани сатҳи об дар дарёҳо дар давраи баҳор-тобистон равона намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои татбиқи қарорҳои Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, натиҷаҳои фаъолияти санҷишҳои нозиротии роҳбарони ситодҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, таҳлили чораҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳисоботӣ, инчунин баҳодиҳӣ ба корҳои хадамотҳои наҷотдиҳии кумита оид ба бартараф ва пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гаштанд.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди барф дар кишвар 720 ҳодисаи фаромадани тарма, инчунин бо фарорасии фасли баҳор фаромадани ярч, сел, сангреза ба қайд гирифта шуда, бо мақсади пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳодисаҳои табиии номабаршуда, аз тарафи кормандони кумита баҳри бехатар намудани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, аз минтақаҳои хавфнок кўчонидани аҳолӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташкил намудани дидбонгоҳҳои назоратии муштарак дар минтақаҳои хавфнок ва ташкили ситодҳо, ки онҳо шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Роҳбари кумита таъсиси гурӯҳҳои махсус барои омӯзиши иловагии минтақаҳои хавфнок, баррасии масъалаҳои захираҳои вуҷуддошта ва иловагӣ, баргузории омўзишҳои мудофиаи шаҳрвандии ғайринавбатӣ ва ғайринақшавӣ дар байни аҳолӣ, баррасии низоми огоҳии пешакӣ ва омодагӣ ба мавсими оббозиро бори дигар таъкид намуд.

АМИТ "Ховар"