Кӯҳзоди Фатҳулло

Кӯҳзоди Фатҳулло 20 - уми майи соли 1982 дар Тоҷикистон тавалллуд шудааст.
Ӯ соли 2005 факултаи геологияю маъдан ва соли 2010 факултаи филологияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Кӯҳзод  фаъолияти кориашро моҳи июни соли 2009  дар Телевизиони “Регар”-и шаҳри Турсунзода оғоз кардааст. Номбурда аз моҳи октябри соли 2016 инҷониб дар идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии “Телевизиони Тоҷикистон” ба ҳайси коргардони дараҷаи 3 фаъолият дорад.
Кӯҳзод  муаллифи барномаҳои  “Адиб ва Истиқлол” ,“Минбари сухан” ва “Парвози сухан” мебошад.
Инчунин Кӯҳзоди Фатҳулло ба эҷоди шеър низ машғул буда, соҳиби маҷмӯае бо номи “Аз алам то қалам” аст.