Бобокалон Аминзода

Бобокалон Аминзода 27-уми июли соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Номбурда соли 2013 шўъбаи рузномаригори телевизион ва радиои факултети театрӣ-бадеии Донишкадаи давлатии санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намудааст.

Бобокалон соли 2013 фаъолияти кориашро  дар Идораи барномаҳои иттилоотии «Ахбор»-и «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир оғоз  карда, то ҳол дар ин идора кор мекунад. Номбурда аз соли 2015 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби як фарзанд.