Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд

«Конститутсия- бахтномаи миллат» -таҳти ин унвон имрӯз дар беморхонаи марказии ноҳияи Нуробод конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.
Дар конфронс зиёиёну фаъолон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии конститутсия, таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтанд.
Ба таъкиди иштирокдорон, Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат намуда, барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: