КҲФ: Ҳанӯз хавфи тармафароиву сангрезӣ вуҷуд дорад, эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои наздик дар ҳудуди ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур Умеда Юсупова, аз 28 январ то имрӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд.
«Аммо сарфи назар аз огоҳиҳое, ки кумита пайваста ба аҳолӣ пешниҳод менамояд, баъзе аз ронандагон ҳаёти худро зери хатар гузошта, беэҳтиётона ба минтақаи хафвнок сафар менамоянд», -изҳори нигаронӣ намудааст ӯ.
17 феврал дар километри 54-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони кумита дар якҷоягӣ бо кормандони Ширкати саӽомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» зимни амалиёти наҷотдиҳӣ ду нафарро аз зери ғарами барф зинда бароварданд. Инҳо — Шуҳрат Аёнов, соли таваллудаш 1982 ва Эҳсон Тоҳиров, соли таваллудаш 1983-ҳарду сокини шаҳри Хуҷанд буда, ба Душанбе сафар доштанд. Ба ҷабрдидагон кумаки аввалини тиббӣ расонида шуда, ҳарду рафтан ба беморхонаро рад карданд. Бо техникаи ширкати IRS онҳо ба ҷойи бехатар интиқол дода шуданд.
Ҳамчунин 7 нафар кормандони худи ширкат 18 феврал дар километри 72-юми роӽи Душанбе- Чаноқ зери тарма монда, 4 нафарашон наҷот дода шуда, 3 нафарашон ба ӽалокат расиданд.

Tags: