Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ намоиши китоб доир кард

Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат- асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифгари Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ» конфронси илмӣ- назариявӣ баргузор гардид.
Дар конфронс кормандони шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) бо мақсади тарғиби китобҳои тозанашр дар бораи фаъолияти пурсамари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон намоиши китоб ташкил намуданд.
Иштирокдорони конфронси илмӣ- назариявӣ аз намоиши китоби КМТ дар Осорхонаи миллӣ дидан намуда, дар бораи шароити китобхона ва узвият ба он табодули афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: