ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд: Фарҳанги истифодаи неруи барқро миёни мардум талқин намудан вазифаи мост

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамбастагӣ бо шабакаҳои барқии шаҳр    таҳти унвони «Татбиқи ҳадафҳои миллӣ– таҳкимбахши пояҳои Истиқлолияти давлатӣ» ҳамоиш доир  намуд.

Дар ҷамъомад  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳр Наим Маликисломӣ иброз  дошт, ки «ба шарофати амалӣ шудани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷумҳурии мо тавонист иқтидори истеҳсолии худро афзун  ва   болоравии  сатҳи  некуаҳволии мардумро таъмин намояд.  Бояд гуфт,  ки меҳвари асосии  барномаи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон низ иҷрои  ин ҳадафҳоро  дар бар мегирад. Вазифаи ҳизбиён он аст, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро дар мисоли иҷрои ин ҳадафҳо то ба мардум бурда расонанд».

Дар ин робита муовини раиси КИ ҲХДТ  дар вилояти Суғд  Аминҷон Шарифзода зикр кард, ки  «таъмини зиндагии шоистаи мардум  яке аз самтҳои афзалиятноки   барномаи ҳизб  маҳсуб шуда,   давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ғайр  аз таъмини сулҳу  ваҳдати миллӣ ҷиҳати  баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тадбирҳои муассир  андешиданд».

Дар ҳамоиш корманди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Рашид Қобилов дар мавзӯи «НБО Роғун – иншооти бузурги аср», сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои вилоят Ҳоҷарой Латифӣ дар бораи  «Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтани ҷумҳурӣ», сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилоят Отабек Ҳоҷиев  дар мавзӯи «Саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ» ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 Манзура Муинова  оид ба  «Мавқеи ҷавонон дар пешбурди ҷомеа»   бо мисолҳои возеҳ атрофи ҳадафҳои стратегии давлат дар такя ба дастовардҳои соҳа  маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш  Наим Маликисломӣ аз иштирокдорони ҷамъомад, ки аксар намояндаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд буданд, хоҳиш кард бо  мардум  наздиктар бошанду  дар ҳалли мушкиливу  норасоиҳои онҳо мусоидат намоянд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки фарҳанги истифодаи неруи барқро миёни омма талқин намудан  аз вазифаи дигари  ҳизбиён бояд бошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: