ҲАЙРАТАНГЕЗ! Дар ноҳияи Дарвоз ҳар бех дарахти лимӯ аз 500 то 600 дона ҳосил ба бор овардааст

Сокини ноҳияи Дарвоз Шодиҷон Ғозиев, ки се сол пеш дар доманакӯҳ гармхона бунёд карда буду дар он лимӯ шинонид, соли равон ҳосили дилхоҳ гирифт. Дар ин мавсим ҳар як дарахт аз 500 то 600 дона лимӯ ба бор овардааст, ки дар шароити кӯҳистон ҳосили баландтарин аст.

Мавсуф қаблан ба занбӯрпарварӣ шуғл дошт ва баъд аз он ки кораш равнақ ёфт, тасмим гирифт аз фоидаи бадастоварда гармхона бунёд карда,  дар парвариши меваҳои ситрусӣ низ донишу маҳорати худро бисанҷад. Зеро аз ин соҳа низ дар шароити кӯҳистон даромади хуб ба  даст овардан мумкин аст.

Аз ин рӯ Шодиҷон дар як доманакӯҳ, дар замини бекорхобидаву пур аз санг гармхона сохта, дар он 42 бех ниҳоли лимӯ ва 6 бех ниҳоли афлесуну мандарин шинонд.

Ба гуфтаи ин боғпарвар,  Дарвоз дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона ноҳияест, ки обу ҳаво ва иқлимаш ба парвариши меваҳои ситрусӣ мувофиқ мебошад ва ҳар сокини ноҳия метавонад дар замини наздиҳавлигии худ ин намуди меваҳоро парвариш кунад.

Агарчӣ дарозии гармхона 38 метр ва паҳноияш  8 метр бошад ҳам, вале вориди он шудан замон, кас худро дар ҷангали сердарахту сермева ҳис мекунад.

Меваи лимӯ дар баробари таъми бомазза ва бӯи хуш доштан, ҳамчунин барои табобати чандин бемориҳо яке аз давоҳои беҳтарини табиӣ дониста шудааст ва инро табибони касбӣ низ тасдиқ мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии ноҳияи Дарвоз дониши назариявию амалии Шодиҷон Ғозиевро ба инобат гирифта, ӯро ба ҳамкорӣ даъват кард. Акнун вай қоидаҳои парвариши дарахтони ситрусиро ба дигар сокинони ноҳия низ меомӯзад. Бо кумаку дастгириаш шумораи лимӯхонаҳо дар ноҳия то ба 27 адад расид. Чанд сол боз барои бунёди лимӯхонаҳо ба боғдорони ноҳияҳои Шуғнону Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон низ кумаки амалӣ мерасонад.

Ба гуфтаи ин лимӯпарвари соҳибтаҷриба, дар ноҳияҳои ҳамсоя ӯ ҳамроҳи дигар мутахассисони соҳа 70 лимӯхона бунёд кардаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: