Таҷлили иди Наврӯз дар «Боғи пойтахт»

Дар ин лаҳзаҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ барномаи наврӯзӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Бо вуҷуди он, ки ҳаво боронист, мардум бо шодию нишоти идона вориди базмгоҳ гардида, аз барномаи фарҳангӣ, ки дар он ҳунарҳои дастии мардуми тоҷик, аз қабили чакандӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, кашидадӯзӣ ва чандин намунаҳои фарҳанги волои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик манзури тамошобинон гардидаанд, дидан менамоянд.
Абдусалим, сокини шаҳри Душанбе, ки дар ин барномаи фарҳангӣ иштирок дошт, дар бораи таҷлил намудани ҷашни Наврӯз чунин гуфт: «Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз иди Наврӯз бо тамоми арзишҳои суннатии худ эҳё гардидааст. Фикр мекунам ин орзую армони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки ҷомаи амал пӯшид».
Ёдовар мешавем, ки соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ба мероси башарии фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ дохил карда шуд. 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз бо тамоми арзишҳояш эҳё гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шуд ва ҷаҳонӣ гардид.

АМИТ «Ховар»