ХУШ ОМАДЕД БА ТОҶИКИСТОНИ ОФТОБРӮЯ! Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилооти пешсафи ИДМ пресс-тур мегузаронанд

Масоили такмили сохтори институтсионалии идоракунии соҳаи сайёҳии кишварҳои иштирокдори ИДМ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа, пешбурди маҳсулоти миллии сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10-11 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ хоҳанд шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳлиқо Шарифова хабар дод, чорабинии мазкур бо ҳисоботи намояндаи Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар  мамлакат  оғоз меёбад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, иштирокдорони ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020-ро оид ба татбиқи Стратегияи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ барои давраи то соли 2020 баррасӣ менамоянд, ки татбиқи он, аз ҷумла, ба зиёд шудани шумораи сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳод ва афзоиши ҳаҷми содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ, ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ аз ҳисоби таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳа, инчунин ба афзудани теъдоди меҳмонхонаҳо, дигар воситаҳои будубош ва субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ мусоидат мекунад. Аъзои Шӯро ҳамчунин дар бораи муҳимтарин ва ҷаззобтарин чорабиниҳои дар кишварҳояшон дар соли 2018 баргузор  гардида ва банақшагирифташуда маълумот медиҳанд.

Дар ҷаласа тасдиқи ҳайат ва тартиби ташкили фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи ба ҳамин монанд барои солҳои 2021-2030 дар назар буда, масъалаи такмили ташкили сайёҳии кӯдакон ва ҷавонон, ки дар кишварҳои ИДМ ҷузъи низоми давлатии дастгирии истироҳат ва шуғли кӯдакон ҳангоми таътил, дар давраи фаъолияти берун аз дарсӣ ва татбиқи барномаи иловагии таълимӣ мебошад, баррасӣ хоҳад шуд. Аъзои Шӯро доир ба усулҳои пешрафтаи ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба фаъолияти сайёҳӣ, ки дар кишварҳояшон истифода мешаванд, табодули иттилоот мекунанд.

Илова бар ин, иштирокдорон инчунин доир ба ташкили кори экскурсионӣ, омода намудани роҳбаладҳо (экскурсоводҳо) ва назорати кори онҳ табодули таҷриба намуда, шакл ва механизми ташкили баҳисобгирии омории сайёҳии дохилӣ, чораҳои ҷоннокгардонии мавҷҳои сайёҳӣ дар бозори дохилии кишварҳои ИДМ, муттаҳидии талошҳо дар самти таъсиси муштараки маҳсулоти сайёҳӣ ва пешбурди он дар бозори ҷаҳониро муҳокима менамоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Раиси Шӯро интихоб гардида, вақт ва макони баргузории ҷаласаи навбатӣ мувофиқа хоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки 11-12 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак ва ғайраҳо  пешбинӣ шудааст Дар он иштироки намояндагони агентиҳои иттилоотии давлатӣ ба монеанди ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки оид ба гузаронидани пресс-тур дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатиӣ, ки 15-16 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарор дода шуда буд. Он вақт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро, Директори генералии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро ба ҳузур пазируфта буданд.

Пресс-тур барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии пешсафи ИДМ дар доираи чорабинии бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар соли 2018 бахшида шудааст.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии иттилоотии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои иштирокдори ИДМ (15-16 марти соли 2016) ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

АМИТ«Ховар»