Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии ИДМ ба Маскав рафт

Дирӯз ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳиён ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои ИДМ ба Маскав сафар кард.
«Ширкаткунандагони ҷаласа фаъолияти Шӯроро дар солҳои 2015-2016 ва чораҳо дар мавриди такмили ҳамкорӣ, нақшаи санҷишҳои назоратии байниҳамдигарии кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, масъалаи интихоби раиси навро баррасӣ мекунанд»,-хабар доданд аз Кумитаи мазкур.
«Бо мақсади такмили заминаи шартномавиву ҳуқуқии ҳамкорӣ аъзои Шӯро масъалаи иҷрои Нақшаи барномаҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюм (солҳои 2016-2020)-и «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020»- ро мавриди баҳс қарор медиҳанд»,-таъкид кард манбаъ.
Дар ҷаласа баррасии масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, ҳамчунин ҳамкории наздисарҳадӣ дар доираи ИДМ оид ба пешгирӣ аз вазъи фавқулодаи наздисарҳадӣ низ дар назар аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: