TИKA ба Тоҷикистон инфрасохтори муосири намоишгоҳӣ тақдим менамояд

Агентӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар назди дастгоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Туркия (ТИКА) тасмим гирифтааст, ки то охири соли 2020 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори ғурфаҳои муосири намоишгоҳиро, ки аз 1100 метри мураббаъ иборат аст,  тақдим намояд. ТИКА дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ба Тоҷикистон тақдим намудани 1100 метри мураббаъ ғурфаҳои муосири намоиширо оғоз намуд.

Дар маросими баимзорасонии Протокол дар бораи таъмини ғурфа ва таҷҳизот барои намоишгоҳ ба Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир гардид,  ҳамоҳангсози ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Эрбир гуфт, ки дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани лоиҳаи мазкур ба мубодилаи мол миёни Тоҷикистон ва Туркия нақши муассир хоҳад гузошт, зеро бо баргузории намоишгоҳҳои зиёди байналмилалӣ иқтидори мамлакат фаъол ва Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок тарғиб мегардад.

Лоиҳа рақобатпазирии ширкатҳоро дар мамлакат тақвият бахшида, ба имконоти иқтисодиёти миллӣ, шуғли аҳолӣ ва сармоягузорӣ барои давраи миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат мусоидат хоҳад кард. Инчунин ғурфаҳои муосир, ки аз ҷониби ТИКА тақдим мегарданд, фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистонро тақвият мебахшанд ва имконоти ҳамкории байналмилалии палатаро афзун менамоянд. Алҳол дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ тақрибан 500 метри мураббаъ ғурфаи намоишӣ мавҷуд буда, қисми зиёди онҳо корношояму фарсуда гаштаанд. Аз  ин рӯ, бисёр намоишҳои байналмилалӣ ё гузаронида намешаванд ё бо ширкати иштирокчиён дар доираи имконоти мавҷуда баргузор мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 бо мақсади ташвиқи сармоягузориҳо ва технологияҳои нави бахши воқеӣ мувофиқи як модели нави рушд ташкил намудани фазои сармоягузории миллӣ ва байналмилалиро аз авлавият муайян намудааст.

ТИКА созмони байналмилалии Туркия дар самти кумак барои  рушд буда, айни замон дар беш аз 60 кишвари дунё намояндагӣ ва дар 170 кишвар фаъолият ба роҳ мондааст. Дафтари барномаи ТИКА дар Душанбе соли 1995 ба фаъолият шурӯъ намуда, тақрибан 400 лоиҳаи рушд ва ҳамкории техникиро дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, рушди деҳот, обтаъминкунӣ, таълими касбӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалӣ татбиқ намудааст.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: