Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср густариш меёбад

26 октябр дар Қоҳира Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Миср дар умури кишварҳои Осиё Ториқ Ал-Васимӣ мулоқот намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дипломати тоҷик дуруди роҳбарони Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишварро ба ҷониби Миср расонида, омодагӣ ва рағбати ҷониби моро ба таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Миср таъкид намуд.

Дар вохӯрӣ ҷанбаҳо ва имконоти тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Ҷониби мисрӣ низ алоқамандии худро ба густариши робитаҳо ва ҳамкорӣ таъкид намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: