Ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ гардид

2 феврал Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо Ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бо терроризм Де Кершов  дар дафтараш дар Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд. 

Ҷонибҳо ҳамкории ниҳодҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дар самтҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм баррасӣ намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ба Ҳамоҳангсози ИА оид ба мубориза бо терроризм даъватномаи ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати ширкат дар Конфронси баландпояи байналмилалӣ “Мубориза бар зидди терроризм ва радикализм”, ки 3-4 маи 2018 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, супорид. Даъват бо камоли сипос пазируфта шуд.

Ҳамин гуна даъватномаҳо ба ниҳодҳои дигари воқеъ дар Брюссел – Комиссияи Аврупо, Парлумони Аврупо, Комиссариати корҳои дохилӣ ва амният ва ғайра низ дастрас гардиданд.

АМИТ "Ховар"