Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI)

Маросими ифтитоҳи ҷаласаи понздаҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба маълумоти дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Data Working Group) ва ҷаласаи даҳуми Гурӯҳи корӣ оид ба андӯхтани таҷриба дар самти стратегияи дастрасии молиявӣ (Financial Inclusion Strategy Peer Learning Group)-и Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (Alliance for Fanancial Inclusion-AFI) бо иштироки намояндагон аз 47 давлати дунё, созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, Раиси бонк Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори умед кард, ки натиҷаҳои ин ҷаласа барои густариш ва тақвияти минбаъдаи ҳамкории судманд дар доираи Иттиҳоди дастрасии молиявӣ такони ҷиддӣ бахшида, дар хотири иштирокдорони он таассуроти амиқ боқӣ хоҳанд гузошт.
«Баргузории бомуваффақияти ҷаласаи мазкур барои ҳамоишҳои минбаъдаи сатҳи баланди ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ заминаи воқеӣ гузошта, баҳри ба даст овардани таҷрибаи ғанӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон, баланд бардоштани маърифатнокии молиявӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва бонкдории мобилӣ имконияти васеъ фароҳам меорад»,-зикр намуд Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Муовини Директори Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI) Норберт Мумба дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти дастрасии молиявӣ бо қабул шудани Қонуни ҶТ «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва таҳияи Стратегияи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми молиявӣ барои солҳои 2017-2019 зикр намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки пешниҳод ва баррасии минбаъдаи Стратегияи мазкур дар байни кишварҳои узви Иттиҳод (AFI) барои расидан ба ҳадафҳо оид ба дастрасии молиявӣ дар Тоҷикистон дар доираи Эъломияи Майя мусоидат хоҳад кард.
Иттиҳоди дастрасии молиявӣ (AFI) нахустин созмони ҷаҳонист, ки вазифаи шабакаи иттилоотиро барои бонкҳои марказӣ ва дигар институтҳои молиявии танзимгарон дар кишварҳои дорои бозори молиявии тараққиёбанда иҷро менамояд. Фаъолияти Иттиҳод ба иштирокдорон барои дастрасии онҳо ба таҷриба ва иттилооти давлатҳои пешрафта дар масъалаи боло бурдани маърифати молиявӣ ва осон кардани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ имконияти хуб фароҳам меорад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 2011 узви комилҳуқуқи Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ гардидааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо Иттиҳод Бонки миллии Тоҷикистон баҳри боло бурдани сатҳи дониш, малака ва имкониятҳои зиёд кардани дастрасии молиявӣ дар кишвар тавассути иштирок дар кори гурӯҳҳои кории гуногуни он тадбирҳои муассир меандешад.

АМИТ "Ховар"