Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюм

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум оғоз гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори хадамоти матбуотии Парлумон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, мувофиқи Қарори Маҷлиси намояндагон дар рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои зерин муҳокима карда мешаванд:
1. Дар хусуси тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин намудани Машрабзода Ҳ.М.».
2. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019».
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018-2019.
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».

АМИТ «Ховар»

Tags: