Ҷавонону наврасон бояд моҳияти Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро дарк намоянд

Дирӯз дар муассисаи таҳсилоти умумии№8-и шаҳри Душанбе бо иштироки васеи маорифчиёни пойтахт бахшида ба ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ҳамоиш доир гардид. Ҳамидулло Фақеров, сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе зимни ҳамоиш зикр кард, ки қабули муваффақонаи Қатъномаи мазкур, ки 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, боиси ифтихори тоҷикистониён буда, омӯзгорон вазифадоранд, ки моҳияти ин амали бузургро ба наврасону ҷавонон фаҳмонанд. Ҳанӯз аз остонаи кӯдакистон ба бачаҳо дӯст доштани табиат, ҳифз ва сарфакоронаю оқилона истифода бурдани сарватҳои моддии онро бояд талқин намуд.
Иштирокдорони ҳамоиш таъкид намуданд, ки қабули қатъномаи мазкур дар ҳоле, ки оқибатҳои хатарноки ивазшавии иқлим, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда ба воситаи ифлос шудани он ва дигар масоили ба он марбут ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, саривақтию зарурӣ буда, аҳамияти умумибашарӣ дорад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин аз ҷониби омӯзгорони пешқадам ва соҳибтаҷриба роҳу усулҳои муфиди ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаҳмонидани моҳияти бузурги даҳсолаи мазкур иброз гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: