Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дархости Молдоваро барои гирифтани мақоми кишвари нозир дастгирӣ намуд

Роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дархости Молдоваро ҷиҳати гирифтани мақоми кишвари нозир тасдиқ намуданд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба изҳороти президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки зимни ҷаласаи хосаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ВЕЭС) баён дошт, хабар дод.
«Барои истиқбол ва дастгирии дархости Молдова қарор қабул карда шуд», — гуфт Атамбаев. Ба иттилои ӯ, қарор дар бораи додани мақоми нав ба Молдова «бо тартиби муқаррарӣ тасдиқ гардид».
Ба гуфтаи Атамбаев, Қирғизистон ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои иштирокдори ЕврАзЭС аҳамияти бузург медиҳад.
Бояд гуфт, ки дирӯз, 14 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки президентҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Россия ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.
Илова бар ин, дар Бишкек мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир шуд. Дар он президентҳои Россия Владимир Путин, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва инчунин иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии СААД Валерий Семериков иштирок доштанд. Дар мулоқот масоили рушди минбаъдаи созмон ва инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин иштирокдорон ба масоили густариши минтақаҳои ҳамдастии СААД бо дигар ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Илова бар ин, аъзои созмон имконияти муттаҳид намудани талошҳоро дар мубориза бар зидди таҳдидҳои муосири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот сарони давлатҳои аъзо Юрий Григоревич Хачатуровро Котиби генералии СААД таъйин намуданд.
Ёдрас мешавем, ки имсол барои давлатҳои аъзои СААД соли ҷашнӣ мебошад, чунки имсол ба рӯзи баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 25 сол пур мешавад.

АМИТ "Ховар"