Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузориш дод, ки якчанд шаҳру ноҳияи вилоят, аз ҷумла Норак, Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин дар рӯзҳои аввали моҳи апрел нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артишро пурра иҷро карданд. Чанд ноҳияи дигари вилоят, аз ҷумла Балҷувону Ховалинг дар арафаи иҷрои нақшаи даъват қарор доранд. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят иттилоъ медиҳад, дар ин бора Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни гусели даъватшавандагон дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар хабар дод.
Зимни суханронӣ дар назди даъватшавандагон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки ҳимояи марзу буми Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштани дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар рисолати ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.Ӯ таъкид намуд, ки хизмат дар артиш – мактаби бузург аст ва ҷавонони мо сабақи мардонагию шуҷоатмандиро бояд аз ин мактаб омӯзанд.
Зикр гардид, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ баргузор гардидани «Рӯзи даъватшаванда» чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангию маърифатӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла дар байни ҷавонон идома доранд.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, Раиси вилоят ба ҳамаи онҳо дар адои ин рисолати пуршараф саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи ҳифзи Ватани азиз барору муваффақият орзу намуд.
Қурбон Ҳакимзода ба 700 нафар ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру навоҳии вилоят туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.
Пас аз маросими кулчагазон дар варзишгоҳ намоиши рангини ҳунарӣ манзури ҷамъомадагон гардид
АМИТ «Ховар»