Истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Гренада

13 октябри соли 2017 дар Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гренада баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода ва аз ҷониби Гренада Сафири Фавқулода ва Мухтори Гренада дар Ҷумҳурии Мардумии Чин  Денис Годвин Антоин  ба имзо расониданд.

АМИТ "Ховар"