Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд

Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода оид ба нақш ва мақоми Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудаанд, сухан гуфт.

Кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат Суман Зуҳурова ва Аброр Бутаев моҳият ва муҳтавои Конститутсияи ҷумҳуриро муаррифӣ карда, нақши онро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути Конститутсия аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Он ҷомеаро муттаҳид сохт ва ин сарҷамъӣ таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири қарни XX — фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва дар амал татбиқ намуд.

АМИТ "Ховар"