Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлоси 43-юми Вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин

27 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри  Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин  дар Иҷлоси солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат  намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ аҳамияти татбиқи Рӯзномаи 2030 –ро таъкид намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул намудааст.  Вазир ҳозиринро  оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми  байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки соли 2020 дар шаҳри  Душанбе барпо мегардад, иттилоъ дода, аз кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 ҷиҳати иштирок дар кори конфронси мазкур  даъват ба амал овард.

АКС: ВКХ ҶТ
АМИТ «Ховар»

Tags: