Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Конгресси солонаи Агентии энергетикии Олмон

24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо даъвати Агентии энергетикии Олмон (DENA) дар Конгресси байналмилалӣ дар бахши энергетика бо шиори «Гузариш ба сарчашмаҳои алтернативии энергия» ширкат намуд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 400 намояндаи ширкатҳои бузурги саноатии Олмон, котибони давлатии вазоратхонаҳои иқтисодӣ, вакилони Бундестаги Олмон, олимону коршиносони бахши энергетика иштирок намуданд.
Дар доираи ин Конгресс Сафир бо роҳбари иҷроияи Агентии энергетикии Олмон Андреас Кулманн мулоқот намуд. Дар ҷараёни суҳбат оид ба лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт. Андреас Кулманн изҳор дошт, ки ҷониби олмонӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар бахши истифодаи самараноки энергия, тавлиди барқ аз неруҳои таҷдидшаванда, ба мисли об, неруи офтобӣ ва бодӣ алоқаманд мебошад.
Ҳамчунин дар Конгресс мулоқоти корӣ бо роҳбари Раёсати неруи таҷдидшавандаи Агентии энергетикии Олмон Оливер Франк ва роҳбари бахши лоиҳаҳо дар соҳаи неруҳои таҷдидшаванда Габриеле Айшнер баргузор гардид. Зимни суҳбат ҷониби олмонӣ омодагии хешро ҷиҳати пазироӣ ва гузарондани музокирот бо масъулони соҳаи энергетика ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.
Дар доираи мулоқот ба намояндагони ширкатҳое, ки дорои ихтирою навовариҳо дар самти самаранокии энергия ва истифодаи неруҳои таҷдидшаванда мебошанд, се ҷоизаи «Самаранокии энергия-2016» тақдим гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: