10 феврал нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи илмҳо, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» баргузор мешаванд

10 феврал Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба натиҷаҳои фаъолият дар  соли 2019 нишасти матбуотӣ  доир менамоянд.

Нишасти матбуотии Академияи илмҳо соати 09:00, аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 11:00 дар  Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» баргузор мешавад.

Нишасти матбуотии Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00  ва аз  КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соати 10:00 дар бинои вазорату корхонаи мазкур  доир мегарданд.

 Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ  (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj  ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: