Исфара ва Конибодом наваскаронро ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселониданд

Дирӯз гурўҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара ва Конибодом ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд, ба ин муносибат дар майдони ба номи Исмоили Сомонии маркази шаҳри Исфара бо ширкати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавонони ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан раванда ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин рӯз дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ 73 нафар даъватшавандагон баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Артиши миллии мамлакат фиристода шуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар шаҳри Конибодом бо иштироки роҳбарияти шаҳр, собиқадорон, фаъолон, намояндагони сохторҳои гуногун, даъватшавандагон ва волидони онҳо ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҷамъомад раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ изҳори боварӣ намуд, ки «фарзандони диёр қарзи шаҳрвандии худро дар назди халқу Ватан садоқатмандона адо намуда, ба зодгоҳ сарбаландона бармегарданд».

АМИТ "Ховар"