Ҷавонони шаҳри Ҳисор ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд

Дар маросими гусели даъватшудагоне, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, дар Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор бо иштироки афсарон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд, Шарифҷон Ҷумазода, Раиси шаҳри Ҳисор гуфт: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ҷавононро дар роҳи рушду шукуфоии Ватан ниҳоят баланд ва назаррас арзёбӣ карда, соли 2017- ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки ин барои дастгирии ҷавонон ва рушди фаъолияти минбаъдаи онҳо имконият фароҳам меорад».
Маврид ба зикр аст, ки дар даъвати баҳорӣ аз шаҳри Ҳисор сафарбаркунии ҷавонон оғоз гардида, имрӯз беш аз 60 нафар ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ раҳсипор гардиданд. Ин нишони ватандӯстию ҳомии воқеии Ватан будани ҷавонмардони бонангу номуси шаҳри Ҳисор мебошад.

АМИТ "Ховар"