Дар Академияи ВКД Конфронси илмӣ-амалӣ дар самти таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон доир шуд

Дирӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» баргузор шуд.
Тавре аз Академияи Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар кори конфронс намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, мақомоти судӣ, прокуратура ва мактабҳои олии ҳуқуқшиносии кишвар ширкат варзиданд.
«Иштирокдорон дар мавзӯи «Ташаккули механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши мақомоти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ва «Нақши мақомоти прокуратура дар ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» маърӯза карданд»,-зикр кард манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: