Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст

Имрӯз ҳаво дар  Тоҷикистон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар доманакӯҳҳо боридани борону барф дар назар аст. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири моҳи сентябр боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 23  сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар бештари ноҳияҳо гармӣ рӯзона ба 34  дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст мешавад. Ҳаво рӯзона ба 34 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 23 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносони кишвар барои сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқи вилоят ҳавои ноустувор ва ҳарорати паст пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳарорати ҳаво ба 15 мерасад. Дар ғарби ҳамин вилоят 22-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва бебориш пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат паст шуда, 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

АМИТ "Ховар"