Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст

Имрӯз, 23 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст. 

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 11-16 дараҷа сард  ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво офтобӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво офтобӣ шуда, ҳарорат шабона 1-3 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 январ идома хоҳад ёфт.

АМИТ "Ховар"