Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 14 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ҷойҳо  боридани  барфи кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7  ва дар баъзе ҷойҳо 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  13-18, дар баъзе ҷойҳо то 19-24 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

«Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок   ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф,  дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар аст»-иттилоъ дод манбаъ.

14 декабр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок, бебориш ва нимаи дуюми рӯз  дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"