Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мегардад

 Имрӯз, 8 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйиёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

«Имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад»,- хабар дод манбаъ.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"