Имрӯз дар Душанбе ҳаво 31 дараҷа гарм мешавад

 Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар  ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти шарқ дар як сония 2-7 метр мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 21-26 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 24-29 дараҷаро ташкил медиҳад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 26-31 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8  ва рӯзона 29-31 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.

АМИТ "Ховар"