Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 16 то 18 дараҷа гарм мешавад.
Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд, дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ба қайд гирифта шудааст. Дар ғарби вилоят рӯзона бориши бошиддати борон ва дар шарқи вилоят бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят аз 1 то 6 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар водиҳо аз 15 то 20 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ гардида, дар водиҳо шабона борон меборад ва рӯзона асосан бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо то 5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ мегардад. Боридани борон рӯзона ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 14 то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 2 то 7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»