Агентии обуҳавошиносӣ: имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳарорат паст шуда, дар баландиҳои 3000 м барф меборад

Имрӯз, 6 октябр дар  Тоҷикистон ҳавои ноустувори тағйирёбанда ва боридани борон пешбинӣ шуда,  дар бештари минтақаҳо дар баландии 3000 метр боридани барф ва пастшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳароратро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа расида, шамол аз самти ғарб 12-17 метр дар як сония мевазад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрӣ ва боронӣ пешгӯӣ шуда, шабона дар баландиҳои 3000 м барф меборад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят ҳарорат паст шуда, 8-13 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои ноустуворро пешбинӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят тағйирёбандаи абрӣ гашта, борон меборад. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф пешгӯӣ мешавад. Вазиши шамол аз самти шимолу ғарб ба 4-9 метр дар як сония расида, дар водиҳо ҳарорат ба 11-16 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи ноустувор шуда, борон меборад. Дар баландиҳои 3000 м боридани барф, дар водиҳо пастшавии ҳарорати рӯзона ба назар мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрӣ ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат паст мешавад. Шабона 7-9  ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ"ХОВАР"