Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво абрноки бебориш мешавад

Имрӯз, 11 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст.  

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят  шабона  8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"