Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво абрноки бебориш мешавад

Имрӯз, 9 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. 

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2+3 ва рӯзона 15-20 дараҷа, дар шарқи ин вилоят  шабона  7-12 дараҷа хунук шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 20-25 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"