Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи 68-уми ҷашнии Шўрои роҳбарони мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ оғоз меёбад

Рӯзҳои 3-4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии 68-уми ҷашнии Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тайи ду рӯз ҷараён гирифта, мақсади он  ҳамоҳангсозии фаъолияти  гумрукии мақомоти гумруки кишварҳои иштирокчии ИДМ мебошад.

Бояд гуфт, ки самтҳои асосии фаъолияти Шӯро аз ҳамоҳангсозии қонунгузории гумрукӣ, ташаккули механизмҳои самарабахши танзими тарифӣ ва  ғайритарифӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба содагардонии муқаррароти гумрукӣ ва расмиёти он, таҳияи шаклҳои ҳуҷҷатҳо баҳри таъмини назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии мол,  ҳамоҳангсозии ҳамкории амалии гумрукӣ ва дигар мақомоти  манфиатдори миллии ИДМ дар самтҳои асосии сиёсати гумрукӣ ва ғайраҳо иборат мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки Шўрои роҳбарони хадамотҳои гумруки кишварҳои иштирокчии узви ИДМ 23 декабри соли 1993 ташкил ёфта, соли равон аз таъсиси он 25 сол мегузарад.

АМИТ «Ховар»

Tags: