Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Имрӯз, 5 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, 5 декабр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво гарм мешавад.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Душанбе 12-14 дараҷа гарм шуда, вазидани шамол аз 2 то 7 метрро ташкил медиҳад.
Ҳаво дар Бадахшон то 6-8 дараҷа, Хатлон 14-16 дараҷа, Суғд 8-10 ва дар навоҳии тобеи марказ 12-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: