Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчидан тавсияҳо дода шуданд»

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  иброз дошт, ки муассиса дар шашмоҳаи аввали соли равон корҳои омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ба маблағи 4 миллиону 769 ҳазору 327 сомонӣ иҷро кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 5% зиёд мебошад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зикр гардид, ки омӯзиши геологӣ аз рӯйи 22 лоиҳа амалӣ шуда, бештар захираҳои металлҳои сиёҳу рангаи қимматбаҳо ва нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ,  гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкологияро фаро гирифт.

Аз ин ҳисоб ба комиссияи давлатӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданоки ҷумҳурӣ 29 мавод барои баррасӣ ва гузаронидани экспертизаи давлатӣ пешниҳод гардид. Дар натиҷа тарози давлат аз ҳисоби нуқра, ангишт, оҳаксанг, сангҳои ороишӣ (гранит), гранодиорит, мармар, рег, хок, омехтаи регу шағал ва гил ғанӣ гардид.

Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ-геологӣ дар Тоҷикистон» дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар 117 деҳа ва 2 шаҳрак тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида шуда, дар натиҷа ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан тавсияҳо дода шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: