Дар идомаи сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ барои сохтмони бинои 12 ошёна санги асос гузошт.
Лоиҳаи бинои мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Меъмор-2002" омода гардида, дар он филиали Ҷамъияти саҳомии "Ориёнбонк", меҳмонхона барои 200 ҷой, толори ороишӣ, ҳавзи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани нишастҳо ва тарабхона ҷойгир карда мешавад.
Ҳамчунин тибқи лоиҳа, дар бинои мазкур утоқҳои махсуси замонавӣ барои қабули меҳмонони олимақом ва намояндагони давлатҳои гуногун низ бунёд мегардад. Ба иттилои масъулин, ин нахустин бинои 12 ошёна хоҳад буд, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд карда мешавад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ то 100 нафар шаҳрвандони вилоят дар ин ҷо соҳиби ҷойҳои кори доимӣ мегарданд. Тавре маълум шуд, сохтмони бино ду сол идома ёфта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ феълан 200 нафар сохтмончӣ аз ҳисоби шаҳрвандони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят ҷалб гардидаанд.
Фармоишгари лоиҳаи мазкур Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ориёнбонк" буда, пудратчӣ Идораи сохтмони асосии ҳамин ҷамъият ("Ориёнбонк") маҳсуб меёбад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо ба сохтмончиён дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.