Иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, иқтидори содиротӣ баланд бардошта мешавад

Вазорати  рушди иқтиқсод ва  савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо мақсади таъмини суботи  макроиқтисодӣ, кам кардани  вобастагии  иқтисоди миллӣ аз таъсири омилҳои манфии  беруна, баланд бардоштани  рақобатпазирии он ва диверсификатсияи истеҳсолот  дар лоиҳаи ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоднамудаи  «Барномаи миёнамуҳлати  рушди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои  2021-2025» манбаъҳои иловагии рушдро дар як қатор самтҳои афзалиятнок пешбинӣ намудааст.

Дар ин хусус Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Вазир афзуд, ки  дар самтҳои рушди иқтисоди «сабз» ва иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани  ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди  изофашуда, рушди саноати дорусозӣ, бозори молиявӣ  ва фарогирии молиявӣ, истифодаи имконияти хизматрасонии  таълимию илмӣ, транзитӣ ва рушди сайёҳии кишвар  манбаъҳои иловагии рушд пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои ду барнома- «Барномаи миёнамуҳлати  рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» таҳия гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳадафи асосии ин барномаҳо рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии Тоҷикистон дар зарфи панҷ соли оянда мебошад.

Завқӣ Завқизода ҳамзамон иброз дошт, ки бо мақсади ҷорӣ намудани  механизми наву муосир мутобиқ  ба иқтисоди бозорӣ  ва маблағгузории соҳаи  илм лоиҳаи Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои маблағгузории  заминавӣ, грантӣ, барномаи мақсаноки фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст, ки дар баррасии вазорату идораҳои мамлакат қарор дорад.

АМИТ «Ховар»

Tags: