Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода боз 3 нафарро наҷот доданд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 2 нафар сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 1 нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳиро наҷот доданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи  ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрвандон дар ҷойи барои оббозӣ муқаррарнагардида ба шиноварӣ машғул шуда, ба гирдоб ғалтидаанд.

«Кормандони Кумита, ки ҳамарӯза дар атрофи дарё назорат мебаранд, даррав онҳоро наҷот доданд. Шаҳрвандон аз рафтан ба беморхона даст кашиданд», — омадааст дар иттилоияи Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қоидаҳои бехатарии оббозиро риоя намуда, дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ва барои шиноварӣ пешбининагардида ба оббозӣ машғул нашаванд.

«Дар ҳама ҳолат ҳангоми оббозӣ ба кӯдакони худ аҳамият дода, онҳоро беназорат нагузоред», — ҳушдор додааст Кумита.

АМИТ «Ховар»

Tags: