Ифтитоҳи телевизиони «Шаҳнавоз»

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи телевизионии нав дар заминаи муаррифии мусиқии миллӣ бо  номи телевизиони «Шаҳнавоз» ифтитоҳ гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар расми ифтитоҳи телевизиони нав Раҳмонзода Абдуҷаббор -ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Маҳмадсаид Шоҳиён - раиси Кумитаи телевизион ва радио, Орумбекзода Шамсиддин - вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раиси Кумитаи телевизион ва радио ва роҳбарони дигар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии Кумитаи телевизион ва радио ширкат варзиданд. 
Дар рафти ифтитоҳи телевизион таъкид гардид, ки ихтисос ёфтани телевизиони алоҳида дар ин замина барои аҳли санъат василаи  муаррифии санъат ва мусиқии миллӣ маҳсуб меёбад. 
Бояд қайд намуд, ки телевизиони мусиқии «Шаҳнавоз» дар заминаи «Телевизиони Тоҷикистон» таъсис ёфта, он давоми 24 соат барнома пахш хоҳад кард. 

Гузориши муфассали мавзӯъро метавонед дар барномаи иттилоотии "Ахбор" тамошо намоед: