Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагию қолинбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

22 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.

Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Корхонаи мазкур аз ҷонби соҳибкори ватанӣ Исмоил Самадов бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагию қолинбофӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ наздики 30 нафар занону духтарони хонанишин ба кор ҷалб гардида, ба дӯхти либосҳои ягона барои мактабҳо, корхонаву муассисаҳо, рахти хоб ва либосҳои миллӣ машғуланд.

Сехи дӯзандагӣ дорои 20 адад мошинаи дарздӯзӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад.

Дар коргоҳи қолинбофӣ низ дастгоҳҳои муосири қолинбофӣ, таҷҳизот барои печонидани ресмон ва дигар таҷҳизот васлу насб карда шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи қолинбофӣ қариб 150 метри мураббаъ дар як шабонарӯз мебошад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки айни замон дар коргоҳи қолинбофӣ 10 намуди қолин истеҳсол гардида, ашёи хом, аз ҷумла ришта аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Қолинҳои Қайроққум” харидорӣ мегардад.

Сифати қолинҳои коргоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ буда, мувофиқ ба талаботи бозор истеҳсол карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони коргоҳи мазкур суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, коргаронро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуданд.

Роҳбарияти коргоҳи мазкур уҳдадор шуданд, ки оянда дар доираи имкониятҳои мавҷуда иқтидори истеҳсолиро зиёд ва шумораи ҷойҳои нави кориро бештар намоянд.

Ҳамзамон масъулини коргоҳ мағозаи фурӯши маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз қабили қолинҳои гуногунранг, либоси ягонаи мактабӣ, либосҳои миллӣ, аз ҷумла либосҳои арӯсиро, ки тибқи талаботи мизоҷон бо як завқи баланд омода гардидаанд, ба роҳ мондаанд.

Бунёди коргоҳи мазкур, ки дар идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши созанда гузошта, фаъол кардани ин гуна иншоот самараи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад.