ХУШХАБАР! Тавассути сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат 2 оилаи маъюб бо хонаи истиқоматӣ таъмин гардиданд

Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгирӣ аз иқдомҳои наҷибонаи Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ  аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ «Сарманзил»,  узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ду оилаи дорои имконияти маҳдуд соҳиби манзили дуҳуҷрагӣ гардиданд.

Манзилҳои истиқоматӣ дар маркази шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Ҳусейнзода, № 10 ҷойгир буда, аз ҷониби соҳибкор бо тамоми шароити замонавӣ, таҷҳизот ва маводи мавриди ниёзи аввал таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба фарзандони ин ду оила сару либос тақдим намуд.

Зимни супоридани хонаҳо соҳибкор Маҳмудҷон Муродов зикр намуд, ки “имрӯз нафарони камбизоат танҳо нестанд ва онҳо зери сиёсати инсонпарваронаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд”.

Бояд гуфт, ки имрӯз соҳибкорони муваффақи пойтахт  дар партави дастуру супоришҳои  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фаъолияти созандагию ободкориро дар шароити муосир пешаи худ намуда, дар ин замина саҳми худро дар пешрафти мамлакат мегузоранд.

Маҳмудҷон Муродов қаблан ба 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони маъюб- Раъно Раҳимова,  Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд. Ӯ Хонаи кӯдакони  пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт. Ҳамчунин  ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар,  биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана даромадааст. Соҳибкорони тоҷик ҳамеша аз сиёсати созандаи  иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ карда, барои пешрафту ободонии мамлакат ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа иқдом менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: