Дар Лахш иди Меҳргон бо баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи фарҳангӣ таҷлил гардид

Дар маркази ноҳияи Лахш бо баргузории намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаи консертии санъаткорони шуъбаи фарҳанги ноҳия иди Меҳргон бо шаҳомати хосса баргузор  гардид.  

Зимни баргузории ин ҷашни миллӣ Раиси ноҳияи Лахш Каромиддин Холзода  мардуми ноҳияро бо Меҳргони тоҷикон табрик намуда, иброз дошт, ки “бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иду ҷашнҳои миллӣ, балки маросими мухталифи мардумӣ низ аз нав эҳё гардида, барои дар сатҳи баланд гузаронидани онҳо шароит фароҳам омадааст. Доир ба ҷашни Меҳргон Сарвари давлат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса зоҳир менамоянд. Дар ҳамин асос ҷашни Меҳргон аз нав эҳё шуда, баргузории он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст. Яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат буд, ки мардум аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон шукрона ва шодию хурсандӣ намуда, баракати солро дар баргузории ҷашни Меҳргон ифода менамуданд, то соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардад”.

Дар ҳамоиши тантанавӣ масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Лахш доир ба ҷамъоварии ҳосили имсола изҳор намуданд, ки баҳри амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат бо заҳмати дучанди кишоварзон соли равон майдони кишти аксари зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошка ба маротиб афзун шуда, ҳосили фаровон ҷамъоварӣ гардид.

Дар анҷоми ҷамъомад як зумра кормандони соҳаи кишоварзӣ, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, механизаторон ва дигар шахсоне, ки дар истеҳсол ва ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми арзанда доштанд, аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш бо ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Tags: