«Хуррамгардонии Душанбешаҳр- рисолати сокинони пойтахт!»

Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 феврали соли 2017 «Дар бораи эълон намудани 150 рўзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ» таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр- рисолати сокинони пойтахт!»» ба тасвиб расид.

Тавре дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, аз 1 феврал то 27 июни соли 2017 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 150 рӯзи ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ эълон ва нақшаи чорабиниҳои он тасдиқ гардид.

Мувофиқи қарори мазкур сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳо вазифадоранд, ки дар назди майдончаҳои бино, гулгашту боғҳо, кўчаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурию маишӣ корҳои ободониву сабзазоркунӣ ва маъракаи ниҳолшинониро вусъат дода, ҷиҳати амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида чораҷўӣ намоянд.

“Ҳамчунин раисони ноҳияҳои шаҳр, КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ»-и мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда вазифадор гардиданд, ки дар мавзеъҳои интихобгардида бо ширкати аҳли ҷамоати шаҳр, бахусус ҷавонон бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳолҳоро ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намуда, раванди ниҳолшинонию сабзазоркуниро пайваста тақвият бахшанд», — афзуд манбаъ.