«HUNGARY MASTERS 2023». Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода сазовори медали нуқра гардиданд

Мусобиқаи «Hungary Masters 2023» оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Будапешт аз 4 то 6 август баргузор гардид, варзишгарони Тоҷикистон соҳиби 2 медали нуқра гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) дар финал аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ мағлуб гардида, сазовори медали нуқра гардиданд.

Ҷудокори шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов (+100 кг) медали дуюми нуқраро дар мусобиқаҳои ситораҳои ҷудои ҷаҳон соҳиб шуд. Темур Раҳимов дар финал аз Сартти Пуумалайнен мағлуб шуд.

Ғолибони вазни -73 кг

1.Соичи Ҳошимото (Ҷопон)

2.Беҳрӯз Хоҷазода (Тоҷикистон)

3.Петру Пеливан (Молдова)

3.Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон)

Ғолибони вазни +100 кг

1.Мартти Пуумалайнен  (Финляндия)

2.Темур Раҳимов (Тоҷикистон)

3.Татсуру Саито (Ҷопон)

3.Гела Заалишвили  (Гурҷистон)

«Hungary Masters-2023» дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор шудааст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқот бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мегарданд. Маблағи умумии ҷоизаҳои молӣ 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 6000 евро, ба барандагони медали нуқра 4000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 2000 евро тақдим мешавад.

Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар намудани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби имтиёз хоҳанд шуд. Аз ҷумла, ғолибон 1800 имтиёз, барандагони ҷойи дувум 1260 ва ҷойи севум 900 имтиёз мегиранд.

Tags: