Дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбо ёздаҳ варзишгари тоҷик иштирок мекунанд

Тавре қаблан хабар додем, аз  25 то 26  марти соли равон бахшида ба  ёдбуди асосгузори гӯштини самбо дар ҷаҳон Анатолий Харлампиев  дар шаҳри Москва  Мусобиқаи  Ҷоми ҷаҳонии самбо баргузор мешавад.  Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин  мусобиқаи  сатҳи ҷаҳонӣ 11 самбочии тоҷик- Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов, Зафар Олимшоев, Деваштич Убайдӣ, Сорбон Латифов, Сомон Сангов, Садр Боев, Рамазон Ҷумъев, Аҳтам Ҳусейнов, Меҳрубони Абдулҳақ ва Алхатаби Фирдавс намояндагӣ мекунанд.

Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи варзиши  самбои  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Паҳлавонони тоҷик   дар самбои варзишию размӣ ширкат мекунанд. Ин мусобиқа яке аз сабқатҳои пурнуфузи самбо дар ҷаҳон буда, чемпионати ҷаҳонии ғайрирасмӣ номида мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2020 ин сабқати пурнуфуз бо сабаби  бемории коронавирус моҳи декабр баргузор шуд, ки варзишгарони тоҷик дар он 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Алимуҳаммад Алиев дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ – дар вазни то 57 кило ду медали биринҷиро соҳиб шуд. Медали дигари биринҷиро Деваштич Убайдӣ дар намуди самбои варзишӣ дар вазни то 74 кило соҳиб шуд. Инчунин ду медали дигари биринҷиро Муҳиддин Муҳиддинов дар вазни то 68 кило ва Осмонбег Қуқаниев дар вазни беш аз 100 кило дар рақобатҳои самбои размӣ гирифтанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: