Гулистон: Боздиди 2703 сайёҳи хориҷӣ аз минтақаҳои истироҳатӣ

Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои даромаднок табдил меёбад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилоят хабар доданд, дар нуҳ моҳи соли 2016 аз минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр 16 ҳазору 456 нафар боздид намудаанд. Аз теъдоди умумии сайёҳон 2703 нафарашон аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Маблағи воридшуда аз ташрифи сайёҳон 15 миллиону 393,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиону 641,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: